Вохӯрӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

0
1490

Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд ва Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров силсилаи вохӯриҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо ҳузури устодону донишҷӯён идома доранд.

Вохӯрии мазкур дар толори факултаи забонҳои хориҷии донишгоҳ доир гардида, дар он аз ҷониби намояндагони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд оид ба истеъмоли ғайритиббии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, навъҳои маводи нашъаовар, оқибатҳои ҳуқуқии муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор маълумоти муфассал дода шуд.

Бо ин назардошт зикр карда шуд, ки ҳар як фарди худогоҳу худшинос бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ кору амал намуда, баҳри сарсабзӣ ва пешрафти сарзамини худ, тарбияи насли солиму созанда ва ҳифз намудани генофонди миллати худ ҷонсупор бошанд.

Вохӯрӣ дар рӯҳияи озодбаёнӣ ҷараён гирифта, ба афкори ҳозирин таъсири амиқ гузошт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД