Вохӯрии ниҳоии соли 2015 дар ДДХ

0
1430
K

25 декабри соли 2015 дар толори факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров вохӯрии ҷамъбастӣ баргузор гардид, ки намояндагони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд ва сардори шӯъбаи Хадамоти пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ширкат варзиданд.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони РАНМН ба иштирокчиён оид ба иҷроиши “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, оид ба вазъи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ ва вилоят, оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва наврасон ва қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» маълумот пешниҳод намуданд.

Дар фаровард донишҷӯён бо суолҳои ба масъулин муроҷиат намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд ва аз ҷониби намояндагони Донишгоҳи мазкур изҳори умедворӣ карда шуд, ки чунин вохӯриҳои муштараки тарғиботӣ дар оянда низ ба таври силсилавӣ баргузор карда хоҳанд шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки аз тарафи кормандони РАНМН дар вилояти Суғд шурӯъ аз моҳи ноябр то моҳи декабри соли ҷорӣ дар ҳамаи факултаҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров бо ширкати устодону донишҷӯён силсила вохӯриҳои маърифатӣ баргузор гардиданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД