Вохӯрии Директори Агентӣ бо ҳайати ШМА

0
1231

11 апрели соли 2016 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода бо ҳайати намояндагони ШМА таҳти роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори ШМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Инга Миллард баргузор гардид.

Директори Агентӣ ба меҳмонон оиди вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа ва ҷаҳон, оиди чорабиниҳои пешгиркунанда, ки аз тарафи Агентӣ мунтазам гузаронида мешаванд, иттилоот дод.

Салимзода иброз намуд, ки дар чорчӯбаи ҳамкорӣ бо Ҳукумати ШМА дар соли 2011 дар ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб ду шуъбаи Агентӣ сохта ба истифода дода шуданд. Моҳи августи соли гузашта бо дастгирии ШМА ду шуъбаи нав дар ноҳияҳои Лахш ва Дарвоз кушода шуданд. Моҳи феврали соли ҷорӣ бинои нави Шуъбаи махсуси Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентӣ ба истифода дода шуд. Бо дастгирии Ҳукумати ШМА якчанд тренинг оид ба истифодаи воситаҳои техникӣ, ҷамъоварии иттилоот нисбати гурӯҳҳои ҷиноятпешаии трансмиллӣ гузаронида шуд.

Роҳбари Агентӣ қайд намуд, ки бино ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ “мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад ва ҳамчунин афзоиши бемории нашъамандӣ ба генофонди миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд”.

Дар нутқи ҷавобии худ Сафири ШМА изҳори умед намуд, ки ҳамкорӣ бо Агентӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки бар зидди паҳн гардидани маводи нашъаовар мубориза мебаранд, боз ҳам вусъат меёбад.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентӣ ва Сафорати ШМА дар Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва дурнамои рушди он муҳокима гардиданд.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД