Вохӯрии Директори Агентӣ бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия

0
1671

23 майи соли ҷорӣ дар чорчӯбаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсияи Федератсияи Россия Колоколтсев Владимир Александрович баргузор гардид.


Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки ваколатҳои собиқ Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар ба зиммаи Вазорати корҳои дохилии Россия вогузор шудааст, бинобар ин рушди ҳамкорӣ байни Агентӣ ва ВКД Россия ҷузъи таркибии баланд бардоштани самаранокии муқовимат ба паҳншавии маводи нашъаовар мебошад.

Зимни вохӯрӣ масъалаи идомаи иҷрои «Созишнома байни АНМН ва ХФНМН Россия оид ба расонидани кӯмак ба Агентӣ дар соҳаи назорати воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо» мавриди муҳокима қарор гирифт. Барномаи ҳамкорӣ оид ба расонидани кӯмак ба Агентӣ, ки барои солҳои 2015-2017 пешбинӣ шудааст, дар ин самт нақши муҳим дорад ва он аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Россия пурра иҷро хоҳад гардид.

Тарафҳо диққати асосиро ба зарурияти васеъ намудани ҳамкорӣ дар самти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ташкил ва гузаронидани амалиётҳои муштарак, баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон равона намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия омодагии худро баҳри рушди ҳамкорӣ байни Анентӣ ва ВКД Россия баён намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД