ВОХӮРИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БО САФИРИ ШМА ДАР ТОҶИКИСТОН

0
1371

28 июли соли 2016 дар Сафорати ШМА дар Тоҷикистон вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори ШМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Инга Миллард бо Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Шерхон Салимзода баргузор гардид.


Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентӣ ва Сафорати ШМА дар Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва дурнамои рушди он муҳокима гардиданд.

Инчунин масъалаҳои рушди ҳамкории шуъбаи махсусгардонидашудаи Агентӣ бо шуъбаи ҳаммонанди Афғонистон, бо мақомоти салоҳиятдори кишварҳои минтақа дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, бо Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (ММҲИОМ) мавриди муҳокима қарор гирифтанд

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД