МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БО АТТАШЕИ САФОРАТИ ФРАНСИЯ

0
1356

27 феврали соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода бо полковник Силван Ланиэл – атташеи  Сафорати Франсия дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид.

Директори Агентӣ Р. Назарзода ба меҳмон нисбати вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақа, тамоюли рушди он, ҳамкориҳо ва амалиётҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нақл намуд.

Роҳбари Агентӣ ҷаноби Ланиэлро оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалии Агентӣ дар соҳаи назорати муомилоти маводи нашъаовар шинос намуд.

Атташе омодагии худро дар гузаронидани тренинг дар заминаи Маркази таълимии Агентӣ барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи на танҳо Тоҷикистон, балки Афғонистон, Покистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин гузоштани саҳми арзанда дар таҳияи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 баён намуд.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои дутарафа дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД