Вохӯрии Директори Агентӣ бо ҳайати вакилони Хитой

0
1170

24-26 апрели соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳайати вакилони Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии ёрдамчии Вазир ҷаноби Лю Юезин доир ба масъалаҳои таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои судманд ташриф овард. Ба ҳайати вакилон инчунин роҳбари Департамент оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар, муовини роҳбари Департаменти муносибатҳои байналмилалӣ ва як қатор ҷузъу томҳои Вазорат шомил буданд.

25 апрели соли ҷорӣ ҳайати вакилони ВАҶ ҶХХ аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дидан намуд.

Дар рафти вохӯрӣ Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода меҳмононро оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюл ва пешгӯии инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар дар минтақа иттилоот дод, инчунин бо сохтори Агентӣ, бо тамоюли ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар қиёс бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, оиди ҳамкории муштарак бо Вазорати амнияти ҷамъияти Хитой шинос намуд. Роҳбари Агентӣ ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи назорати маводи нашъаовар махсусан қайд намуд.

Ӯ инчунин иттило дод, ки дар чорчӯбаи созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ тарафҳо механизми ҳамкории байналмилалиро созмон додаанд, инчунин ҳамкории зичи тарафҳо дар чорчӯбаи СҲШ ба роҳ монда шудааст.

Роҳбари Агентӣ иттило дод, ки байни Агентӣ ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Хитой як қатор амалиётҳои бобарор анҷом ёфт, ки ин заминаи мустаҳкам барои давом додани ҳамкорӣ мебошад. Директори Агентӣ пешниҳод намуд, ки мубодилаи иттилоот байни АНМН ва ВАҶ ҶХХ, ҳамкории дутарафа дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба роҳ монда шавад.

Директори Агентӣ инчунин қайд намуд, ки дар соли 2013 бо Фармони Президенти ҶТ “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардид, ки мақсади асосии он коҳиш додани паҳншавии ғайриқонунини маводи нашъаовар ва истифодаи ғайритиббии он, ҳаҷми оқибатҳои муомилоти ғайриқонунӣ барои бехатарии солимии аҳолӣ, ҷомеа ва давлат, инчунин барои таҳкими ҳамкории байналмиллалӣ мебошад.

Дар охири сухани худ Директори Агентӣ тарафи хитоиро барои кӯмаки расонида шуда арзи сипос намуда, қайд намуд, ки аз соли 2008 то 2014 тарафи хитоӣ ба Агентӣ дар намуди таҷҳизоти техникӣ, нақлиёт ва омӯзиши кормандон кӯмак расонидааст.

Роҳбари ҳайати вакилони Хитой як қатор пешниҳодҳоро оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, мубодилаи ҳайати вакилон, созмон додани алоқаи мустақим байни идораҳо ва мубодилаи иттилоот баррасӣ намуд. Ӯ инчунин қайд намуд, ки тарафи хитоӣ омода аст ба Тоҷикистон коршиносонро дар соҳаи назорати маводи нашъаовар равон намояд, кӯмаки амалӣ дар ташкили омӯзиши кормандони Аген

Тарафҳо қарор доданд, ки дар нимаи дуюми соли ҷорӣ амалиёти муштараки зиддимухаддиротии оперативӣ-пешгирикунандаро бо мақсади ҷилавгирии қочоқи маводи нашъаовари афғонӣ аз қаламрави Тоҷикистон ба Хитой ва бастани роҳҳои интиқоли маводи нашъаовари синтетикӣ ва прекурсорҳо аз Хитой ба Тоҷикистон гузаронанд.

Ҳайати вакилон аз Шуъбаи Иттилоотӣ-таҳлилӣ, Лабораторияи экспертизаҳои судӣ ва ӯтоқи нигоҳдории маводи нашъаовар дидан намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД