Вохӯрии Директори Агентӣ бо ҳамоҳангсози Департаменти Давлатии ШМА

0
1121

13 ноябри соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ мулоқоти Директори Агентӣ Р. Назарзода бо ҳамоҳангсози Департаменти давлатии ШМА оид ба масъалаҳои Тоҷикистон хонум Кортни Гол баргузор гардид.

Директори Агентӣ меҳмонро бо вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маводи нашъаовар шинос намуд.

Инчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентӣ ва Сафорати ШМА дар Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва дурнамои рушди он муҳокима гардиданд.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

Меҳмон дар Агентӣ аз утоқи нигоҳдории маводи нашъаовар, Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ ва бухории махсус барои сӯзонидани маводи нашъаовар дидан намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД