МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БО ВАЗИРИ МУБОРИЗА БО МАВОДИ МУХАДДИРИ АФҒОНИСТОН

0
2350

20 сентябри соли 2016 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии хонум Саломат Азимӣ – Вазири мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки ҷиҳати иштирок дар конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.


Роҳбари Агентӣ меҳмононро бо ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, таърих, фаъолият ва сохтори Агентӣ шинос намуд. Дар рафти вохӯрӣ Ш. Салимзода оид ба вазъияти вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон маълумот дод.

Дар рафти сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва сохторҳои дахлдори Афғонистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва гузаронидани амалиётҳои муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки дар якҷоягӣ бо ҳамкорони афғон дар давоми соли сипаришуда ва ҷорӣ 11 амалиёти муштарак гузаронида шуда, дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 446 килограмм маводи нашъаовар, аз ҷумла 331 кг маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ, инчунин 800 литр прекурсорҳо мусодира гардиданд, 11 нафар барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардиданд, 1 лабораторияҳоии пинҳонӣ оид ба истеҳсоли героин ошкор ва нобуд гардид.

Хонум Азимӣ ба Директори Агентӣ барои кӯмак дар такмили ихтисоси кормандони ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, таҳкими ҳамкорӣ ва мавқеи ягонаи минтақавӣ ба масоили маводи нашъаовар арзи сипос намуда, қайд кард, ки Ҳукумати Афғонистон тасмими ҷиддӣ дорад, аз қочоқи маводи мухаддир ва прекурсорҳо ҷилавгирӣ намояд ва ин иқдом дар таҳкими субот дар Афғонистон мусоидат хоҳад намуд.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар оянда низ рушд меёбанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД