МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БО АФСАРИ АЛОҚАИ БКА

0
1458

11 марти соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода бо ҷаноби Михаел Пабст – афсари алоқаи Идораи Федеролии Полиси Криминалии Германия (БКА) оид ба Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо бошишгоҳ дар Сафорати Германия дар Остона баргузор гардид.

Тарафҳо масъалаҳои тамоюли рушди вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ, ҳамкории дуҷониба оид ба табодули иттилоот байни идораҳоро муҳокима намуданд.

Ҷаноби Пабст омодагии худро барои гузоштани саҳми муносиб ба таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” баён намуд.

Дар анҷоми мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Идораи Федеролии Полиси Криминалии Германия баррасӣ гардиданд.

Тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД