Вохӯрии Директори Агентӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон

0
2012

13 декабри соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ баргузор гардид.

Директори Агентӣ ба меҳмон оид ба татбиқи Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ва минтақа, тамоюл ва пешгӯии инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, тамоюли ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар қиёс бо кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоот дода, инчунин ӯро бо мақсад, вазифа ва сохтори Агентӣ шинос намуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои вусъат додани ҳамкории дуҷониба байни Агентӣ ва мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар доираи созишномаҳои баимзорасида муҳокима гардиданд.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар самти пешгирии нашъамандӣ, бахусус дар байни ҷавонон, ташкили курсҳои омузишӣ барои мутахассисони соҳа, офиятбахшии беморони нашъаманд, омода намудани мавод ва филмҳои таблиғотӣ ва табодули иттилооти оперативӣ ба роҳ мемонанд.

Дар хотима Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ барои ҳамкорӣ ба Директори Агентӣ арзи сипос намуда, ӯро барои аз наздик шинос шудан бо фаъолияти мақомоти ваколатдори Эрон ва дар ин замина баррасӣ намудани масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда ба Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД