Вохӯрии Директори Агентӣ бо Сафири Япония

0
1509

19 августи соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока баргузор гардид.

Директори Агентӣ ба меҳмон оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюл ва пешгӯии инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар, тамоюли ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар қиёс бо кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоот дода, инчунин ӯро бо мақсад, вазифа ва сохтори Агентӣ шинос намуд.


Тарафҳо изҳор намуданд, ки масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар самти омӯзиши кормандони Агентӣ, офиятбахшии иҷтимоии нашъамандон, гузаронидани семинарҳо, тренингҳо, мизҳои мудаввар, тадқиқоти иҷтимоӣ, ташкили чорабиниҳои варзишии зиддинашъамандӣ, нашри адабиёти махсус, бунёди иншооти иҷтимоӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД