МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БО НАМОЯНДАИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

0
764

5 апрели соли 2018 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо хонум Ашита Миттал – Намояндаи  минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ,  ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф  оварда  буд,  баргузор  гардид.

Дар рафти  сӯҳбат масоили  ҳамкориҳои судманди  Агентии  назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ва Агентиро муҳим арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо тадбирҳои иловагӣ андешида хоҳад шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД