Вохӯрии Директори Агентӣ бо Намояндагони СММ

0
1211

3 ноябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии Директори Агентӣ Р. Назарзода бо Муовини Мушовири Минтақавии Барномаи Рушди СММ оид ба амният дар Аврупо ва кишварҳои ИДМ ҷаноби Дамян Згаҷнер ва мушовири амнияти СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Андрей Кандибко баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Директори Агентӣ меҳмононро бо вазъи баамаломада вобаста бо маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, Афғонистон инчунин минтақаи Осиёи Марказӣ, роҳҳои интқоли маводи нашъаовари синтетикӣ ба Тоҷикистон, хатсайрҳои асосии қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон шинос намуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи минтақавӣ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризм ва экстремизм баррасӣ гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки дар оянда ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар боз ҳам таҳким меёбад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД