МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ СММ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

0
1578

20 сентябри соли 2016 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо хонум Ашита Миттал – Роҳбари намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ, ки ҷиҳати иштирок дар конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Ш. Салимзода оид ба вазъияти вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, оид ба иҷроиши барномаҳои зиддимухаддиротӣ бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон маълумот дод.

Хонум Миттал ҷавобан ба Директори Агентӣ барои ҳамкории эътимоднок, мустаҳкам намудани ҳамкории муштарак ва мавқеи ягона ба масоили вобаста ба маводи нашъаовар арзи сипос намуд.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД