МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ СММ

0
1340

7 марти соли 2016 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо хонум Ашита Миттал – Роҳбари намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад, баргузор гардид.

Роҳбари Агентӣ меҳмонро бо ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, таърих, фаъолият ва сохтори Агентӣ шинос намуд. Дар рафти вохӯрӣ Ш. Салимзода оид ба вазъияти вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, оид ба иҷроиши барномаҳои зиддимухаддиротӣ бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон нақл намуд.

Роҳбари Агентӣ инчунин қайд намуд, ки 27 майи соли 2015 дар Душанбе бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалб намудани диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти истеҳсол ва қочоқи маводи нашъаовар дар минтақа Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи олӣ таҳти унвони “Муттаҳид намудани ҳамкории байналмилалии зиддимухаддиротӣ” баргузор гардид. Дар Паёми худ ба иштирокчиёни конфронс Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2016-2020 “Панҷсолаи чораҳои глобалӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим” эълон карда шаванд.

Дар рафти сӯҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва гузаронидани амалиётҳои муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки дар якҷоягӣ бо ҳамкорони афғон дар давоми соли сипаришуда ва ҷорӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 46 килограмм маводи нашъаовар мусодира гардид, 1 лабораторияҳоии пинҳонӣ оид ба истеҳсоли героин ошкор ва нобуд гардид.

Роҳбари Агентӣ ба Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои ташкил ва гузаронидани семинар дар мавзӯи “Тадқиқоти миллӣ дар соҳаи истеъмоли маводи нашъаовар дар байни ҷавонон” дар моҳи марти соли ҷорӣ арзи сипос намуда, меҳмонро бовар кунонид, ки ҳамаи кӯмаки Раёсати СММ мақсаднок барои ташкили мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар истифода карда мешавад.

Дар нутқи ҷавобии худ хонум Миттал ба Директори Агентӣ барои ҳамкории эътимоднок, мустаҳкам намудани ҳамкории муштарак ва мавқеи ягонаи минтақавӣ ба масоили маводи нашъаовар арзи сипос намуд.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД