ВОХӮРИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БО Ю. ФЕДОТОВ

0
1320

13 март дар шаҳри Вена дар рафти кори сессияи 58-уми Кумитаи Байналмиллалии назорати маводи нашъовар вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Р. Назарзода бо муовини Котиби генералии СММ, Директори Иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ю. Федотов баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо ҳолат, тамоюл ва пешгӯии рушди вазъияти вобаста бо маводи нашъаовар дар минтақа, рафти таҳияи лоиҳаҳо ва барномаҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноятро мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷаноби Федотов нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи ташкили назорат аз болои муомилоти маводи нашъаовар ва корҳои ба анҷом расонида дар самти мустаҳкам намудани ҳамкории байналмилалӣ ва амнияти минтақавиро баланд арзёбӣ намуд. Ҷаноби Федотов қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои дароз шарики эътимодноки Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар дастгирии лоиҳаҳо ва барномаҳои зиддимухаддиротӣ мебошад.

Худи ҳамон рӯз дар рафти сессияи 58-уми Кумитаи Байналмиллалии назорати маводи нашъовар бо иштироки роҳбарон масъалаҳои ворид намудани тағйирот ва илова ба рӯйхатҳои миллии маводи назоратшаванда, ки дар Конвенсияи СММ оид ба воситаҳои нашъаовар ва маводи психотропии соли 1971 пешбинӣ шудаанд, муҳокима гардиданд.

Дар рафти вохӯрӣ ба Ю. Федотов даъватномаи Ҳукумати ҶТ барои иштирок дар конфронс, ки бо ташаббуси Президенти ҶТ баргузор мегардад, супорида шуд. Конфронси минтақавии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои васеъ намудани ҳамкории зиддимухаддиротӣ 27 май дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гардид.

Дар вохӯрӣ ва кори сессия Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Насреддинов И. иштирок намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД