Вохӯрӣ дар мавзӯи пешгирии сӯхтор

0
2145

25 августи соли 2017 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии ҳайати шахсӣ бо намояндагони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии ҶТ баргузор гардид.
Дар баромади масъулон қайд гардид, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва баланд бардоштани малакаву дониши масъулону кормандони корхонаву муассисаҳои гуногун, инчунин шаҳрвандон дар хонаҳои баландошёнаву маҳаллаҳои аҳолинишин, аз тарафи мутахассисони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ, ба корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғиботи риояи ҳатмии меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор тақвият бахшида шудааст.
25082017 (2)

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД