Вохӯрӣ дар мавзӯи танзими анъана

0
1594

3 феврали соли 2017 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии ҳайати шахсӣ бо намояндагони Кумитаи корҳо оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ баргузор гардид.

Намояндагони Кумита доир ба муқаррароти бандҳои Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, таъкид доштанд, ки дар асоси талаботи қонуни мазкур баргузории маъракаҳои азодорию хурсандии мардум ба танзим даромада, дар ин ҷода сарфи беҳудаи маблағи шаҳрвандон дар заминаи тӯю маъракаҳо пешгирӣ карда шудааст.

Дар чорабинӣ инчунин таъкид гардид, ки то ҳол мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз шаҳрвандон муқаррароти қонуни мазкурро риоя накарда, дар баргузории маъракаҳои хурсандӣ ба зиёдаравиҳо роҳ медиҳанд. Вобаста ба ин наворҳо вобаста ба тӯю маъракаҳо, ки аз ҷониби кормандони Кумита сабт гардидаанд, ба ҳайати шахсии Агентӣ бо истифода аз мониторҳо намоиш дода шуданд.

Қайд гардид, ки нисбати риояи ҳатмии муқаррароти қонуни мазкур ва пешгирии қонуншиканиҳо дар ин самт бояд ҳамагон масъул бошанд, зеро талаботи ин қонун манфиати иқтисодии шаҳрвандони кишварро ҳифз менамояд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД