Вохӯрӣ бахшида ба соли ҷавонон

0
1442

19 майи соли 2017 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии ҳайати шахсӣ бо намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ баргузор гардид.

Муовини Директори Агентӣ М. Ҳайдарзода дар баромади ифтитоҳии худ қайд намуд, ки ҷавонон – ояндасози Ватан буда, пешрафти ҷомеаи мо аз илму дониши андӯхтаи онҳо, кӯшишу талошҳои ободкоронаи онҳо вобастагӣ дорад.
Намояндаи Кумита Умед Раҳимзода иброз дошт, ки Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи боварӣ, таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба ин қишри ҷомеа аст.
Сиёсати давлатии ҷавонон сиёсатест, ки барои татбиқи он тамоми сохторҳои ҳукумативу ҷамъиятӣ бояд фаъолияти муштаракро ба роҳ монанд. Бо истифода аз неруи созандаи наслҳои имрӯзу фардо ба манфиати давлату ҷомеа тарбия кардани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи мост, то ки ҷавонону наврасон аз даст задан ба ҳар гуна аъмолу омилҳои зишт, аз қабили пайвастан ба сафи гурӯҳҳои тундраву ифротгаро худдорӣ кунанд.
Кормандони ҷавони Агентӣ дар баромадҳои худ иброз доштанд, ки ҷавонон ҳамчун идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи миллат, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, таҳкимбахшандагони ваҳдати миллӣ, муҳофизони боэътимоди истиқлолияти Ватан, бунёдгузорони давлати дунявӣ ва демократӣ эътироф гардида, дар ободонии Ватан масъулияти калоне бар дӯш доранд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД