Вохӯрӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ

0
1492

Санаи 03 июни соли равон аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи ҶТ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, вохӯрӣ баргузор гардид.


Дар вохӯрии мазкур сардорон, муовинон ва афсарони қисми ҳарбӣ иштирок намуданд. Кормандони Агентӣ ба иштирокчиёни семинар оид ба вазъи нашъамандӣ дар ҶТ, теъдоди нашъамандон ва сироятшудагони бемории ВНМО дар ҶТ, инчунин оиди прекурсорҳо маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон ба иштирокчиён филми мустанад оид ба оқибатҳои фоҷиаовари таъсири маводи нашъадор ба инсон намоиш дода шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД