Вохӯрӣ оид ба пешгирии ҷиноятҳо дар байни ҷавонон

0
1165

Санаи 16 майи соли ҷорӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти суд, прокуратура ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар толори мактаби таҳсилоти умумии №18 ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо аҳли ҷамоатҳо, ҷавонон, занон ва падару модарони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.


Дар рафти вохӯрӣ мутахассисон оид ба мазмуну мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ намуданд.

Инчунин оид ба зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар, пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва хариду фурӯши одамон маълумот пешниҳод гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД