ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ БО КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ   

0
609

Санаи 17 апрели соли 2018 дар Дастгоҳи марказии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода ва прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар Сулаймон Искандарӣ бо ҳайати шахсии Агентӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро нахуст Директори Агентӣ Шерхон Салимзода оғоз карда, иброз намуданд, ки ташкил ва баргузории чунин силсила вохӯриҳо аз ҷониби роҳбарияти Прокуратураи генералӣ оид ба фаҳмондадиҳии муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 13.03.2018 дар мулоқоти корӣ бо кормандони мақомоти прокуратура баргузор гардида буд, иқдоми оқилона мебошад. Дар баромади худ Пешвои миллат бо кормандони мақомоти прокуратура қайд намуданд: “Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир низ яке аз мушкилоти ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад. Дар бораи пайомадҳои хатарноки ин намуди ҷиноят, аз ҷумла барои генофонди миллат ман борҳо изҳори назар кардаам.

Вале ҳар сол дар қаламрави кишвар ба миқдори зиёд маводи мухаддир ошкору мусодира ва шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳоло аз шумораи умумии маҳбусон қариб бист фоизро шахсоне ташкил медиҳанд, ки барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳгор дониста шуда, маҳкум гардидаанд.

Тавре ки чанде пештар зикр карда будам, дар 23 соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 120 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла беш аз 34 тонна героин мусодира намудаанд. Ин миқдор маводи мухаддир метавонист боиси ба бемории нашъамандӣ гирифтор шудани 53 миллион нафар гардад.

Танҳо соли сипаришуда мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муомилоти ғайриқонунии қариб чоруним тонна маводи мухадирро пешгирӣ кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2016 беш аз як тонна зиёд аст. Дар ин раванд фаъолияти 139 гурӯҳи нашъаҷаллоб, аз ҷумла 7 гурӯҳи муташаккили ҷинояткор қатъ карда шудааст.

Ҳолатҳои дар хориҷи кишвар бо маводи мухаддир дастгир шудани шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҷой доранд, ки ин бешубҳа, ба обрӯи давлату миллати мо дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳолати зикршуда аз нокифоя будани назорат аз болои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ оид ба пешгирӣ кардани қочоқи маводи нашъаовар аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ гувоҳӣ медиҳад ва андешидани тадбирҳои қатъиро дар ин самт тақозо менамояд.

Махсусан, Агентии назорати маводи нашъаоварро зарур аст, ки корро дар ин самт ҷиддан беҳтар намуда, ҳамкориҳоро бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин, бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ тақвият бахшад”.

Муовини якуми Прокурори генералӣ Ҳотам Назарзода зимни суханронии худ, таваҷҷуҳи кормандони Агентиро ба пешгирии содиршавии як қатор ҷиноятҳо, аз қабили ғайриқонунӣ ишғол намудани қитъаҳои замин ва сохтмони худсаронаи иншоотҳо, пешгирӣ кардани воридоти маҳсулоти бесифат, бахусус маводи хӯрокворӣ ва доруворие, ки ба талаботи бехатарӣ мутобиқ нест, инчунин ба дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа ҷалб карда, таъкид намуданд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷассумгари сиёсат ва симои давлат буда, нақши онҳо дар мубориза бар зидди хатарҳои торафт вусъатёбандаи ҷаҳони муосир ва ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар идомаи чорабинии мазкур муовини якуми прокурори генералӣ, доир ба масъалаи тақвияти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз мушкилоти ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад, ибрози ақида намуда, оид ба беҳтар намудани баъзе паҳлуҳои фаъолияти оперативӣ-тафтишотии Агентӣ таклифу пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Роҳбарият ва кормандони Агентӣ иброз доштанд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз мулоқоти болозикр бар меояд, тамоми тадбирҳои судмандро меандешанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД