Вохӯрии кормандони Агентӣ дар мактабҳои шаҳри Душанбе

0
1377

Дар толори мактаби таҳсилоти умумии рақами 60 ва 37 ноҳияи Сино вохурӣ бо хонандагони синфҳои болои ва волидони онҳо оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди нашъамандӣ, майзадагӣ, паҳншавии бемориҳои сироятии ҷинсӣ-венерикӣ, ВНМБ/АНМБ (ВИЧ СПИД) гузаронида шуд.

Дар вохуриҳои мазкур кормандони Агентӣ иштирок намуда, дар бораи зарари истеъмоли маводи мухаддир ба саломатии инсон, инчунин оқибатҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ ва тиббии сӯистеъмоли маводҳои нашъадор маълумот доданд. Ҳамчунин, дар вохӯрии мазкур намояндагони Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар охири чорабинии мазкур ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД