Вохӯрии кормандони Агентӣ бо родмардони миллат

0
1374

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бори дигар огоҳ шуданд, ки таваҷҷӯҳи ҳукумати кишвар барояшон хоса аст. Ташкил намудани чорабиниҳо ва ҷамъомадҳои муфид барои ин родмардони миллат хело хотирмон арзёбӣ мегардад. Дар остонаи 70-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ роҳбарияти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон собиқадорони ҷангро бо тӯҳфаҳо болидахотир намуданд.

Собиқадорон, ки имрӯзҳо даврони пирӣ меронанд, на ҳамаашон метавонанд дар чорабиниҳо ширкат варзанд. Аз ин хотир маҳз барои онҳое, ки бистарию барҷомондаанд, роҳбарияти Раёсати Агентӣ ба маблағи 500 – сомонӣ барои ҳар кадомашон тӯҳфа намуд. Аҳд карда шуд, ки минбаъд чунин дастгириҳо барояшон мунтазам расонида мешавад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД