Вохӯрӣ бо Намояндаи Махсуси Котиби Генералии СММ

0
1151

24 июн дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии Директори Агентӣ Р. Назарзода бо Намояндаи Махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Петко Драганов баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Директори Агентӣ меҳмонро бо вазъи баамаломада вобаста бо маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, Афғонистон, инчунин минтақаи Осиёи Марказӣ, масирҳои интиқоли маводи нашъаовар шинос намуд.

Роҳбари Агентӣ ба меҳмон пешниҳод намуд, ки дар Тоҷикистон омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисони сохторҳои зиддинашъамандии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи Маркази Таълимии Агентӣ ба роҳ монда шавад, инчунин вохӯриҳои роҳбарони идораҳои махсусгардонида шуда барои табодули итттилоот ташкил карда шаванд.

Директори Агентӣ оид ба чораҳои андешидашуда аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар нақл намуд.

Роҳбари Агентӣ қайд намуд, ки Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус баромад намуд, ки солҳои 2016-2020 “Панҷсолаи чораҳои глобалӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим” эълон карда шавад.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки дар оянда ҳамкориҳои судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар боз ҳам таҳким меёбанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД