Вохӯрӣ бо Намояндаи Махсуси Котиби Генералии СММ

0
1257

11 март дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии Директори Агентӣ Р. Назарзода бо Намояндаи Махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, Сарвари Маркази Минтақавии СММ оид ба Дипломатияи Пешгирикунанда, Сафир Мирослав Енча баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ, ки бо ташаббуси Маркази Минтақавии СММ оид ба Дипломатияи Пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ ташкил карда шуда буд, Директори Агентӣ меҳмонро бо вазъи баамаломада вобаста бо маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, Афғонистон инчунин минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуд.

Инчунин Р. Назарзода меҳмонро оид ба ташкил ва гузаронидани амлиётҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фелдератсияи Россия, Афғонистон ва Хитой дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар шинос кард.

Директори Агентӣ оид ба чораҳои андешидашуда аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, дар бораи фаъолияти Агентӣ, комёбиҳо ва дурнамои рушд муфассал нақл намуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва сеҷонибаи минтақавӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм баррасӣ гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки дар оянда ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар боз ҳам таҳким меёбад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД