Вохӯрӣ бо Мушовири калони Департаменти сиёсии СММ

0
1154

25 ноябри соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии Директори Агентӣ Р. Назарзода бо Мушовири калон оид ба масъалаҳои сиёсӣ, Сардори гуруҳ оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи форси Департаменти сиёсии СММ ҷаноби Поляков В. ва Мушовир оид ба корҳои сулҳ ва рушди Дафтари Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Просик О. баргузор гардид.

Бо хоҳиши меҳмонон, Директори Агентӣ дар бораи вазъи баамаломадаи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар Афғонистон ахборот дод. Ҷаноби Поляков В. ба вазъи баамаломада дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ва фаъол гаштани гуруҳҳои алоҳидаи террористӣ, мароқ зоҳир намуд.

Ба ғайр аз ин, Директори Агентӣ дар бораи ҳамкорҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо мақомоти ваколатдори Афғонистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин оид ба чораҳои андешидашуда аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, дар бораи фаъолияти Агентӣ, комёбиҳо ва дурнамои рушд муфассал нақл намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ меҳмонон аз Амбори нигоҳдории маводи нашъаовар, Тавқифгоҳ ва Бухории махсус барои сӯзондани маводи нашъаовар дидан карданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД