Вохӯрӣ бо донишҷӯён ва толибилмон

0
1102

13 октябри соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ як қатор вохӯриҳо дар байни толибилмони синфҳои 11 мактаби таҳсилоти умумии №16 ноҳияи Шоҳмансур ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултаҳои молиявӣ–иқтисодӣ, баҳисобгирию–иқтисодӣ, иқтисод ва идора гузаронида шуданд.

Дар вохӯриҳо намояндагони Агентӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди нашъамандӣ, майзадагӣ, паҳншавии бемориҳои сироятии ҷинсӣ-венерикӣ, ВНМБ/АНМБ, инчунин шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва терористӣ маълумот пешниҳод намуданд. Дар вохӯриҳо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Дар охири вохӯриҳо ба аҳолӣ маводи иттилоотӣ, аз қабили буклетҳо, варақахои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД