Вохӯрӣ бо мактабачагони Душанбе

0
1078
U

Аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ дар мактаби таҳсилоти ҳамагонаи №34 ноҳияи И. Сомонии пойтахт вохӯрӣ бо мактаббачагон баргузор гардид.

Мутахасиссисони Агентӣ оид ба мушкилии имрӯзае, ки дар ҷомеа боиси нигаронӣ гардидааст ба ҷамъомадагон маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, аз пешгирии ҷинояткорӣ ва мубталошавӣ ба беморҳои нашъамандӣ, ВНМО/БПНМ ва дигар бемориҳои сироятӣ, инчунин худдорӣ аз амалҳои номатлубро ҳушдор намуданд.

Инчунин мутахассисон оид ба ҷиноятҳое, ки аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, аз қабили сар задани задухӯрдҳои гурӯҳӣ, оворагардӣ, дуздӣ, авбошӣ, таҷовуз ба номус ва дигар амалҳои номатлуб, оқибати ин гуна амалҳо, суханронӣ намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ байни мутахасисон ва ҷамъомадагон саволу ҷавоб ва ибрози назарҳо баён гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД