Вохӯрӣ бо мактаббачагон

0
1171

Бо ташаббуси кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ 18 сентябри соли ҷорӣ дар толори мактаби таҳсилоти умумии рақами 24 ноҳияи Фирдавсии пойтахт вохӯрӣ бо талабагони синфҳои 11 оиди масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди нашъамандӣ, майзадагӣ, паҳншавии бемориҳои сироятии ҷинсӣ-венерикӣ, ВНМБ/АНМБ (ВИЧ СПИД) гузаронида шуд. Дар вохурии мазкур намояндагони Агентӣ иштирок намуда, дар бораи зарари истеъмоли маводҳои мухаддир ба инсон, инчунин оқибатҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ ва тиббӣ сӯистеъмоли маводҳои нашъадор маълумот доданд. Ҳамчунин дар вохӯрӣ намояндагони идораҳои давлатӣ иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон асосан дар бораи ба омилҳои номатлуб даст задани ҷавонон ва наврасонро фаҳмонданд.

Дар охири чорабинии мазкур ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД