Вохӯрӣ бо толибилмон

0
1207

Бо ташаббуси кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо намояндагони ВКД ҶТ 3 нотябри соли 2015 дар муассисаи таълимии №77 ноҳияи Фирдавсии пойтахт вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ дар мавзӯи пешгирии нашъамандӣ ва паҳншавии бемории сироятии ВНМБ/АНМБ, Гепатит С баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони Агентӣ ба толибилмон оиди оқибатхои истеъмоли маводи нашъаовар, истифодаи ғайритиббии он ва пешгирии нашъамандӣ сӯҳбат намуданд. Инчунин дар вохӯрии мазкур намояндагони сохторҳои давлатӣ иштирок намуда, оид ба гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро маълумот пешниҳод намуданд.

Дар охири вохӯрӣ ба иштирокчиён варақаҳои маълумотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД