Вохӯрӣ бо собиқадорон

0
1485

5 сентябри соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии ҳайати шахсӣ бо собиқадорони милитсияи советии тоҷик Орлов Виктор Николаевич ва Қосимов Руслан Аъзамович, ки солҳои 80-уми асри гузашта дар ВКД РСС Тоҷикистон хизмат намудаанд, баргузор гардид.

Собиқадорони кофтукови ҷиноӣ дар афзун намудан ва давом додани анъана саҳми арзанда мегузоранд, онҳо дар давоми солҳои дароз қувва ва ҷони худро дареғ надошта, дар ҳифзи қонуният меистоданд, ҷинояҳои вазнин ва махсусан вазнинро ифшо менамуданд. Чунин вохӯриҳо дар Агентӣ анъана шуданд ва ба тарбияи насли сазовор равона гардидаанд.

Собиқ сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД РСС Тоҷикистон Виктор Орлов ба кормандони Агентӣ нақл намуд, ки хизмат дар яке аз ҷузъу томҳои муҳими ВКД ҳеҷ гоҳ осон набуд, дар он ҳамеша одамони ҷасур хизмат менамуданд. Онҳое, ки барояшон кор мафҳуми зиндагӣ шудааст. Онҳое, ки бе истироҳат ва рӯзҳои ҷашнӣ кор мекунанд, дар давоми чанд шабонарӯз иттило ҷамъоварӣ менамоянд, ҷинояткорро таъқиб намуда, дастгир менамоянд.

Полковники мустаъфӣ Руслан Қосимов дар бораи хизмати худ дар мақомоти корҳои дохилӣ, дар бораи ташаккули Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ нақл намуд.

Кормандони ҷавони Агентӣ ба таҷрибаи собиқадорони хадамот мароқ зоҳир намуда, дар бораи муттасилии усулҳои корҳои оперативӣ ибрози назар намуданд.

Собиқадорон аз кормандони ҷавони Агентӣ хоҳиш намуданд, ки доимо ихтисоси худро такмил дода, интизоми хизматиро мустаҳкам намоянд.

Дар баромадҳо қайд гардид, ки чунин вохӯриҳо дар тарбияи кормандони ҷавон нақши муҳим мебозанд, бинобар ин чунин вохӯриҳо бо иштироки собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ бояд мунтазам ташкил карда шаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД