Вохӯрӣ бо хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ

0
1402

Бо мақсади ташаккул додани муносибати манфӣ ба истеъмоли ғайритиббии маводи нашъаовар ва тарғиби тарзи ҳаёти солим 6 май дар яке аз қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ вохӯрии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарон ва сарбозон баргузор гардид.

Мутахассисони Агентӣ ба ҳозирин оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар ҷумҳурӣ ва минтақа, пешгирии содир намудани ҷиноят, қонунвайронкуниҳои маъмурӣ, пешгирии нашъамандӣ, намудҳои маводҳои нашъаовар, таъсири онҳо ба системаи марказии асаб маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Хизматчиёни ҳарбӣ ба баромадҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд, ба мутахассисони Агентӣ оид ба масъалаҳои ҷавобгарӣ барои истеъмоли маводи нашъадор, ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, усулҳои муолиҷаи шахсоне, ки аз маводи нашъадор сӯйистифода менамоянд, саволҳо доданд.

Ба ҳозирин видеофилм дар бораи оқибатҳои фоҷиавори таъсири маводи нашъадор ба вазъи саломатӣ намоиш дода шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД