Вохӯрӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ

0
1370

9 феврал дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарон ва сарбозон баргузор гардид.

Мутахассисони Агентӣ ба ҳозирин оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар ҷумҳурӣ ва минтақа, пешгирии содир намудани ҷиноят, қонунвайронкуниҳои маъмурӣ, пешгирии нашъамандӣ, намудҳои маводҳои нашъаовар, таъсири онҳо ба системаи марказии асаб маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Хизматчиёни ҳарбӣ ба баромадҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ба мутахассисони Агентӣ оид ба масъалаҳои ҷавобгарӣ барои истеъмоли маводи нашъадор, ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, усулҳои муолиҷаи шахсоне, ки аз маводи нашъадор сӯистифода менамоянд, саволҳо доданд.

Ба ҳозирин видеофилм дар бораи оқибатҳои фоҷиавори таъсири маводи нашъадор ба вазъи саломатӣ намоиш дода шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД