Вохӯрӣ бо Директори ММҲИОМ

0
1071

14 феврали соли 2018 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини якуми Директори Агентӣ полковник Самад Зафар бо Директори Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (ММҲИОМ) полковники политсия Пустовитов Григорий Борисович баргузор гардид. Дар вохӯрӣ инчунин ҳамоҳангсози Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷаноби Реҷиналд Питтс иштирок намуд.IMG_3512
Зимни вохӯрӣ Самад Зафар меҳмононро бо вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ, чораҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ба таҳкими ҳифзи Сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон шинос намуд. Қайд гардид, ки Тоҷикистон мунтазам фаъолияти ММҲИОМ-ро дар чорчӯбаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дастгирӣ менамояд.
Муовини якуми Директор инчунин оид ба фаъолияти мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, хусусан бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дар мисолҳои мушаххас, инчунин корҳои баанҷомрасида доир ба пешгирии воридшавии моддаҳои психоактивии нав ба ҷумҳурӣ иттилоот дод.
Директори ММҲИОМ дар баромади худ қайд намуд, ки мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон бо ММҲИОМ ҳамкории муштарак дошта, мунтазам иттилооти заруриро ба ин идора пешкаш менамоянд. Ба шарофати ҳамкории судманди ММҲИОМ бо мақомоти салоҳиятдори кишарҳои узви Марказ самаранокии фаъолияти он афзоиш меёбад. IMG_0188
Тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкории судманд дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар идома хоҳад ёфт.
Дар анҷоми вохӯрӣ меҳмонон аз як қатор ҷузъу томҳои Агентӣ дидан намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД