Вохӯрӣ бо кормандони тиб

0
1214

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» бо ташаббуси кормандони Раёсати АНМН-и назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо намояндагони Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ш. Хоруғ чорабинии навбатии зиддимухаддиротӣ миёни кормандони тиб дар Маркази саломатии ш. Хоруғ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мутахассисони Агентӣ оид ба Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии ҶТ ва дар мавзӯҳои «Мубориза бо нашъаҷалобиву нашъамандӣ ва роҳҳои пешгирии он, натиҷаҳои фаъолияти ҳамдастонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят, фаҳмонидани оқибатҳои гаравидан ба созмону ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ» маълумот пешниҳод намуданд.

Байни масъулин ва иштирокчиёни вохӯрӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, саволдиҳандагон ҷавобҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД