Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф

0
819

16.04.2018 17:38, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот доир карданд.

Ҷонибҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба суҳбати судманд анҷом доданд.

Зимни суҳбат ба татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ ва бахшҳои мухталифи робитаҳои фарҳангиву башарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.

Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид карданд, ки сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар ин ҷода орӣ аз “меъёрҳои духӯра” буда, дар ҳамаи сатҳҳо ба таври созандаву шаффоф пеш бурда мешавад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки масоили мубориза алайҳи таҳдидҳои амниятӣ аз қабили терроризму ифротгароӣ ва радикализми динӣ дар сархати чунин сиёсати давлати мо қарор доранд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД