Вохӯрӣ бо донишҷӯёну устодон

0
1550

Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз нашъамандӣ ва шомил гаштани онҳо ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯёну устодони коллеҷҳои ш. Ваҳдат вохӯрӣ баргузор намуданд.


Кормандони Агентӣ ба иштирокчиён дар мавзӯъҳои зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар, пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ-экстремистӣ маълумот пешниҳод намуданд.

Инчунин, аз тарафи кормандони АНМН дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни духтарони хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд вохӯрӣ доир гардид.

Дар рафти вохӯриҳо иштирокчиён ба намояндагони Агентӣ саволҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои дақиқ гирифтанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД