Вохӯрӣ бо ҷавонон дар ноҳияи Лахш

0
1330

Кормандони Шӯъбаи байниноҳиявии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бо ҷавонони ноҳия, инчунин устодон ва толибилмони “Литсейи касбӣ-техники”-и ноҳияи Тоҷикобод дар мавзӯи “Ҷавонон зидди нашъамандӣ” вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур Раиси ноҳияи Лахш, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, Шӯъбаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳия ширкат варзиданд.
Дар рафти вохӯрӣ мутахассисони Агентӣ оид ба зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар, пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Рафти баргузории чорабинии мазкур тавассути шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” наворбардорӣ гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД