Вохӯрии Директори Агентӣ бо роҳбари Дафтари Раёсати СММ

0
1499

18 июли соли 2016 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо роҳбари нав таъингардидаи Дафтари Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон хонум Амелия Ханнафорд баргузор гардид.


Роҳбари Агентӣ меҳмонро бо ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, таърих, фаъолият ва сохтори Агентӣ шинос намуд. Дар рафти вохӯрӣ Ш. Салимзода оид ба вазъи назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, оид ба иҷроиши барномаҳои зиддимухаддиротӣ бо Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Дар рафти сӯҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва гузаронидани амалиётҳои муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар нутқи ҷавобии худ хонум Ханнафорд ба Директори Агентӣ барои ҳамкории эътимоднок, мустаҳкам намудани ҳамкории муштарак ва мавқеи ягона ба масоили маводи нашъаовар арзи сипос намуда, изҳор кард, ки ҳамаи Созишномаҳо ва қарордодҳоро оиди лоиҳаҳо вобаста ба назорати маводи нашъаовар, ки бо Агентӣ баста шудаанд, пурра иҷро менамояд.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам ва густариш хоҳанд ёфт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД