Вохӯрӣ бо коршиноси Ҷамъияти Кушода (OSF)

0
1454

8 декабр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии Директори Агентӣ Р. Назарзода бо коршиноси Барномаи глобалӣ оид ба масъалаҳои сиёсати маводи нашъаовари Ҷамъияти Кушода (OSF) ҷаноби Диего Гарсиа Девис баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ташаккули шарикӣ, мубодилаи таҷриба ва ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо ташкилотҳое, ки дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ дар мисоли таҷрибаи кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ фаъолият мебаранд ва омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ муҳокима гардиданд.

Дар рафти вохӯрӣ Директори Агентӣ меҳмонро бо вазъи баамаломада вобаста бо маводи нашъаовар дар Тоҷикистон шинос намуд, оиди таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва таҷрибаи Тоҷикистон дар гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ нақл намуд.

Роҳбари Агентӣ пешниҳод намуд, ки иқтидори Ҷамъияти Кушода дар ташкили омӯзиш оиди масъалаҳои муқовимат ба расмигардонии маблағҳое, ки аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба даст омадаанд, гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ дар байни ҷавонон бо усулҳои навтарин истифода бурда шавад.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки дар оянда ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Кушода дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ боз ҳам таҳким меёбад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД