Вохӯрӣ бо устодон ва донишҷўён

0
1694

09022017-2

Аз ҷониби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар байни устодон ва донишҷёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ донишҷӯён бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки чунин вохӯриҳо барои боз ҳам вусъат ёфтани фаҳмиш ва идроки онҳо аз оқибатҳои даст задан ба истеъмол ва истифодаи маводи нашъаовар, муомилоти ғайриқонунии ин навъи мавод ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мусоидат мекунад ва бо аз ҷонибдорӣ ва ҳамовозии комили худ ҷиҳати дар оянда низ баргузор кардани чунин вохӯриҳои муфид ва таъсиргузор дарак доданд.

Вохӯрӣ бо мубодилаи саволу ҷавоб байни масъулин ва донишҷӯён ба анҷом расид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД