Вохӯрӣ бо адибони тоҷик

0
1797

Бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 августи соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо шоирону нависандагони тоҷик – шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва Кароматулло Мирзо баргузор гардид.


Вохӯрии мазкур дар байни афсарон ва хизматчиёни Агентӣ, ки аксарашон кормандони ҷавони насли истиқлол мебошанд, дар рӯҳияи истиқлолдӯстию ватанпарварӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ бори дигар ёдовар карда шуд, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи адабиёт тарбияи маънавии инсон, тарғиби ахлоқи ҳамида, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, ситоиши ҳамдиливу ҳамкорӣ, суботу осоиш, ба роҳи рост ва ба муҳити солими маънавӣ ҳидоят намудани инсон мебошад. Адабиёту фарҳанг хусусият ва сиришти инсонгароёна дошта, ба кас нерӯву шодмонӣ, хушиву хушбахтӣ мебахшад.

Шоирони бузурги мо ба мисли Рудакӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Румӣ, Фирдавсӣ ҳамеша дар ашъори худ аз дӯстию ҳамгироӣ, ваҳдату иттиҳоди инсонҳо сухан мекарданд.

25 сол мешавад, ки насли ҷавони миллат аз шаҳди истиқлолият баҳра мебаранд ва мо бояд насли ояндаро чунин тарбия намоем, то ин ки роҳи оғозгардидаро бо сари баланд идома дода Ватани ободу осударо ба наслҳои оянда супорем. Кормандони Агентӣ бо он мефахранд, ки имрӯз бо шарофати сулҳу якдигарфаҳмӣ ва фазои ороми кишвар фаъолият менамоянд.

Маҳз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қудратию низомӣ, аз ҷумла Агентӣ дар нигоҳдорӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияту бехатарӣ, сулҳу суботи ҷомеа масъул мебошанд.

Дар вохӯрӣ шоирон аз ашъори хеш шеърҳоро дар васфи Ватан- модар, истиқлолият, сулҳу ваҳдат қироъат намуданд.

Вохӯрии мазкур бо ёдовариҳо, саволу ҷавобҳо ва бисёр хотирмон баргузор гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД