Вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Оши Ҷумҳурии Қирғизистон

0
993

13 ноябри соли 2017 дар толори Донишгоҳи давлатии Оши Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки 200 нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар ин мактаби олӣ таҳсил менамоянд, вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрии мазкур намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, намояндагони ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҷонишини ректори Донишгоҳи давлатии Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат варзиданд.
Мутахассисон оид ба ҷиноятҳои марбут ба нашъаҷаллобӣ, пешгирии нашъамандӣ ва шомил нашудан ба равияҳои тундгароӣ, экстремизму терроризм маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар охир бо донишҷӯён саволу ҷавоб баргузор гардид.

Ош (1) Ош (4)

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД