Вохӯрӣ бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ш. Хуҷанд

0
2326

Бо мақсади пешгирӣ намудани нашъамандӣ дар байни ҷавонон аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар Коллеҷи тиббии ш. Хуҷанд вохӯрӣ бо устодон ва донишҷӯён дар мавзӯҳои “Пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар” гузаронида шуд.
Намояндагони Агентӣ оид ба оқибатҳои даҳшатноки истеъмоли маводи нашъаовар, вируси норасоии масъунияти одам, гепатитҳои навъҳои В, С, бемориҳои пӯст, бенаслӣ, ҷанбаҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва тиббии ин мушкилот нақл намуданд.
Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон асосан дар бораи ба омилҳои номатлуб даст задани ҷавонон ва наврасон сухан намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД