Вохӯрӣ бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ

0
2114

 Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва нашъамандӣ дар байни ҷавонон аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ 15 ноябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи тиббӣ”-и пойтахт вохӯрӣ бо донишҷӯён дар мавзӯи “Зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар” гузаронида шуд. Намояндагони Агентӣ оид ба оқибатҳои фоҷиабори истеъмоли маводи нашъаовар, ҷанбаҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва тиббии ин мушкилот нақл намуданд. Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон асосан дар бораи ба омилҳои номатлуб даст задани ҷавонон ва наврасон сухан намуданд. Дар поёни вохӯрӣ аз тарафи донишҷӯён саҳначаи тарбиявӣ дар мавзӯи пешгирии нашъамандӣ ба намоиш гузошта шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД