Вохӯрӣ бо хонандагони Коллеҷи информатика ва техникаи компютерӣ

0
2430

17 сентябри соли 2015 дар толори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар якҷоягӣ бо кормандаони Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ бо хонандагони коллеҷи мазкур вохурӣ гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур дар байни хонандагони коллеҷи мазкур аз он иборат буд, ки имрӯз дар ҳолати истеъмол намудани маводҳои мухаддир насли наврас солимии худро аз хатари истеъмоли маводҳои мухаддир эмин нигоҳ дошта, маълумотнокиашонро аз таҳдиди маводи мухаддир васеъ менамоянд.

Намояндаи Агентӣ оид ба вазъи нашъамандӣ дар ҶТ, оқибатҳои сар задани нашъамандӣ, сироятшавӣ бо бемориҳои ВНМО, Гепатити С, содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва нашъамандию нашъаҷалобӣ, амалҳое, ки характери коррупсионӣ доранд, инчунин шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ маълумот пешниҳод намуд.

Дар охири чорабинии мазкур ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД