Вохӯрӣ бо толибаҳои мактаби таҳсилоти умумӣ

0
1287

04 декабри соли ҷорӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе бо толибаҳои мактаби таҳсилоти умумии №25 ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохурӣ баргузор намуданд.

Ба ҷавондухтарон оид ба масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ, даст задани ҷавонону наврасон ба кирдорҳои ғайриқонунӣ ва истеъмоли ғайритиббии маводи нашъаовар, бемориҳои сироятии ВНМО/БНМО пешгирӣ ва паст намудани зӯроварии хонаводагӣ дар ҷомеъа маълумот пешниҳод намуданд.

Иштирокчиёни вохӯрии мазкур ба саволҳои худ дар мавзӯҳои дар боло зикр гардида посухҳои пурра ва дақиқ гирифтанд.

Дар охири чорабинии мазкур ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД