Вохӯрӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор

0
933

Бо ташабуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор вохӯриҳо бо аҳли зиё, ҷавонон, донишҷӯён ва пирони барнодили ин шаҳрҳои номдор баргузор карда шуд.

Шерхон Салимзода нахуст сухани худро оид ба Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, Паёми мазкурро санади муҳими муайянкунандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъват менамояд,  муаррифӣ намуд.

Шерхон Салимзода қайд намуданд, ки Сарвари давлат дар Паёми худ оид ба волоияти қонун ва таъмини ҳифзу озодии инсон, омили сазовор будани аҳолӣ ба сатҳи зиндагии шоистаро борҳо таъкид намуданд.  Илова бар ин озодиву истиқлолият ҳамчун дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллиамон бояд чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз карда шавад.

Гиссар

Дар рафти суханронии хеш Директори Агентӣ дар бораи хавфу хатарҳои замони муосир, аз ҷумла содиршавии амалҳои терористиву эктремистӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, қочоқи маводи мухаддир, аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ, ҳимояи марзу буми кишвар таъкид намуда, даъват бар он намуданд, ки мо бояд дар ҳамбастагӣ бар зидди ин мушкилиҳои ҷомеаи муосир мубориза барем.

Ҳамчунин қайд намуданд, ки ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 декабри соли 2017 рух дод, яке аз руйдодҳои муҳими сол арзёбӣ мегардад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД